Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд доранд

Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки артиши Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд дорад ва ба далели нокомиҳо теъдоди фирориён афзудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Нерӯҳои Русия ва нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Луганск ба Лисичанск расиданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаи бомуваффақияти худро дар минтақаи Лисичанск идома медиҳанд. Тайи се рӯзи охир корхонаи коркарди нафти Лисичанск, кони Матросская, заводи желатин, шаҳраки Тополевка таҳти назорат гирифта шудааст. Нерӯҳои иттифоқчӣ мустақиман ба Лисичанск рафтанд”, - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Манбаъ афзуда, ки артиши Украина дар ин минтақа талафоти зиёд дорад.
"Танҳо дар деҳаи Верхнекаменка душман дар як рӯз беш аз 120 нафар ва дар Верхнекаменский 70 нафарро талаф дод", - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Дар ҳамин ҳол, ба далели нокомиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина теъдоди фирориён ва низомиёне, ки аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ саркашӣ мекунанд, дар майдони набард афзоиш меёбад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ҷараёни амалиёти вижа 226 ҳавопаймои украинӣ нобуд карда шуд
Вазорати дифоъ афзуд, ки фармондеҳии Украина ба ҳар роҳ далелҳоро пинҳон мекунад.
"Ҳамин тавр, дар яке аз баталонҳои бригадаи 17-уми танкӣ, ки дар минтақаи аҳолинишини Новая Полтавкаи Донетск амал мекард, на бештар аз 20% ҳайати шахсии низомии муқаррарӣ дар сафҳо боқӣ мондаанд", - қайд кард вазорат.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Кушта шудани беш аз 200 сокини осоишта ва тахриби 5 ҳазор хона дар Донетск
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.