ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон бо иштироки ҳайатҳои беш аз 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Ин чорабинӣ дар назар аст, ки рӯзҳои 25 ва 26 июл баргузор шавад.
Гуфта мешавад, ширкаткунандагон бархӯрди ҷомеъаи ҷаҳониро барои таъмини субот ва амният дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин мавзӯъҳои мавриди баҳс бозсозии пасазҷангии кишвар, ҳамгироии он ба равандҳои ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳанд буд.
Ба иттилои манбаъ, форум идомаи мантиқии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Афғонистон "Раванди сулҳ, ҳамкориҳои амниятӣ ва минтақавӣ", ки моҳи марти соли 2018 баргузор гардид, мебошад.
Ҳамчунин, ҷаласаи кунунӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Тошканд "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо", ки моҳи июли соли қаблӣ баргузор шуда буд, идома хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Владимир Норов, вазири умури хориҷии ин кишвар дар мавриди Афғонистон гуфта буд, ки мутаассифона, мо мушоҳида мекунем, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ вазъ дар он ҷо мушкил боқӣ монда, бинобар бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва вазъи душвори башардӯстона, чолишҳо барои амният ва суботи минтақа боқӣ мондаанд.
Ба таъкиди ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои имрӯзу фардои ин кишвар масъул бошад ва барои идомаи кумак дар ҳалли мушкилоти шадиди иҷтимоӣ дар Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешад.
Ёдовар мешавем, толибон 15 августи соли 2021 пас аз эълони хуруҷи ИМА ҳукумати Ашраф Ғаниро суқут доданд ва пас аз он ҳукумати худхондаи хеш Аморати исломиро ташкил карданд.
Наздик ба як сол мешавад, ки ин ҳукумат машруҳият надорад.