ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ густариш меёбад.
Ин масъала, зимни сафари ҳайати Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб муҳокима шудааст.
Дар мулоқот сардорони сохторҳои Вазорати меҳнати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири Эркин Муҳитдинов ва мушовири пешбари маъмурияти кишвардорашон бо раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ширкат кардаанд.
Бино ба гузориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти даволатии шаҳри Кӯлоб, ин мулоқот дар толори мақомоти шаҳр баргузор шудааст.
Дар ин сафар меҳмонон ҳамчунин аз муассисаи давлатии техникии Литсейи касбии техникии сохтмонии ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намудаанд.
Ин ҷо онҳо бо шароити таълим дар ин даргоҳ аз наздик шинос шудаанд.
"Зимни боздид аз муассисаи мазкур табодули таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти касбӣ сурат гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Зикр шудааст, ки дар доираи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносибатҳо байни вазорату мақомот ва идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.
Меҳмонон ҳамчунин оромгоҳи орифи номдор Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид кардаанд.