ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Иттилоъ дода шудааст, ки ба ин Шӯро намояндагони Қирғизистон, Русия, Муғулистон Арманистн, Ветнам, Ӯзбекистон Озарбойҷон, Беларус, Ҳинд ва Тоҷикистон ворид шудааст, иттилоъ додааст нашрияи “КП”.
Манбаъ таъкид кардааст, ки Тоҷикистонро дар ин Шӯро консули генералии кишвар дар Русия Зафар Сайидзода намояндагӣ мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, шӯро се вазифаи асосӣ дорад.
“Ин эҷоди симои Екатеринбург ҳамчун як маркази тиҷорати байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо шаҳрҳои шарики хориҷӣ ва таблиғи фарҳанг ва арзишҳои Урал дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ”, - зикр кардааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки Шӯрои мазкур таҷрибаи бомуваффақияти хориҷиро дар бораи лоиҳаҳои инфрасохторӣ баррасӣ намуда, дар асоси он пешниҳодҳо ироа мекунад.
Ҳамчунин , раиси шаҳр ва кормандони мақомот интизори гузориши аъзоёни Шӯро ҳастанд, муҳоҷирон ва хориҷиёне дар шаҳри Екатеринбург ба мушкилоти системавӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қарорҳои Шӯрои мазкур характери машваратӣ хоханд дошт. Қайд карда шудааст, ки аъзоёни Шӯрои мазкур ба таври ройгон кор хоҳанд кард.