ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Сарбозони отряди вижаи "Ахмат" аз Чеченистон ва воҳиди милисаи мардумии ҶМЛ аз дарёи Северский Донетс гузашта, ба шаҳри Новодружеск наздик шуданд, гуфт раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, хабар медиҳад РИА "Ровости".
Новодружеск ҳашт километр шимолу ғарбтари Лисичанск воқеъ аст.
"Ёвари раҳбари Чеченистон Апта Алаудинов аз хатти ҷабҳа хабар медиҳад. Сарбозони нерӯҳои махсуси "Ахмат" ва корпуси дуюми милисаи халқии ҶМЛ аз дарёи Северский Донетс гузашта, ба минтақаи аҳолинишини Новодружеск наздик шуданд...Сарбозони нерӯҳо мавқеъҳои нерӯҳои Украинаро муҳосира карда, мунтазам Лисичанскро забт мекунанд”, — навиштааст Қодиров дар шабакаи Telegram-и худ.
Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.