ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Русия тайи моҳҳои январ то майи соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирони корӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ чанд маротиба бештар будааст, гуфта мешавад дар иттилои Вазорати корҳои дохилии ин кишвар.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ба шарофати “афви муҳоҷират” дар давраи пандемия аксари хориҷиёне, ки барои кор ба Федератсияи Русия омадаанд, омодаи кори қонунӣ буданд.
Тибқи ҳисоботи ниҳоди марбута ба муҳоҷират, шумори шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз аввали сол дар қайди Хадамоти муҳоҷират қарор доштаанд, 6,6 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ин рақам нисбат ба як соли пеш, ки 3,9 миллион нафар ба қайд гирифта шуда буд, қариб ду баробар зиёд аст.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсоя барои русҳо рақобати ҷиддӣ эвод намекунанд.
Ҳамин тариқ, набудани ихтисораҳои оммавӣ бекориро дар кишвар дар сатҳи пасти таърихӣ нигоҳ медорад.
Дар соли 2019 шумораи хориҷиён аз 9,6 миллион то 11,2 миллион нафар буд;
Дар соли 2020 то 7,1 миллион нафар коҳиш ёфт;
Дар соли 2021 аз 5,5 миллион то 6,9 миллион нафар буданд.
Рақамҳои нави Вазорати корҳои дохилӣ маънои онро дорад, ки шумораи коргарони хориҷӣ дар Русия ба сатҳи қабл аз пандемия бармегардад.
Аз аввали соли 2022 ба муҳоҷирон 845 ҳазор патенти корӣ додаанд (дар соли 2021 538 ҳазор) ва шумораи умумии патентҳои эътиборнок 2,1 миллионро (соли гузашта - 1,05 миллион) ташкил медиҳад.
Мисли қабл аксарияти шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар зодагони кишварҳои ИДМ ташкил медиҳанд. Давоми се сол ҳиссаи онҳо аз 86 фоиз ба 91 фоиз афзуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти хадамоти марзбонии Русия, дар семоҳаи аввали соли 2022 ба Русия 842 ҳазор нафар барои кор ворид шудаанд (нисбат ба маълумоти соли 2021 беш аз 4 маротиба зиёд, вале нисбат ба соли 2019 27% камтар).