ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 50% коҳиш ёфт, гузориш медиҳад, Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.
Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли 2022 нерӯгоҳҳои офтобӣ ҳамагӣ 2 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 50% камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, шумори дақиқ ва иқтидори нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон маълум нест.
Дар мавриди ҳаҷми умумии истеҳсол, тибқи маълумоти бахши энергетикаи кишвар, аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8,4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Зиёда аз 7,6 миллиард киловатт-соати ин хаҷм ба нерӯгоҳҳои обии кишвар рост меояд.
Афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,5 фоизро ташкил додааст.
Дар баробари ин, аз моҳи январ то май нерӯгоҳҳои барқии ҳароратӣ 805 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол кардаанд.
Бар асоси ин, дар соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои ҳароратии Тоҷикистон низ тавлиди нерӯи барқро 18,4 дарсад коҳиш додаанд.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон даромад аз фурӯши нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.
Афғонистон ва Ӯзбекистон харидорони асосии захираҳои энержии кишвар мебошанд.
Дар панҷ моҳи соли 2022 аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба буҷаи кишвар беш аз 26,7 миллион доллар ворид шудааст.
Ҳамзамон дар оянда дар назар аст, ки Тоҷикистон содироти нерӯи барқро аз нерӯгоҳи "Роғун" ба Ӯзбекистон оғоз мекунад. Намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ аллакай меморандуми дахлдор имзо кардаанд.