ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҷасади як кӯдаки 2-соларо ҷустуҷӯ доранд, ки модараш худ ва ӯву хоҳарашро ба Сирдарё партофтааст
Аз Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳодисаи мудҳиш соати 07:20 дақиқаи субҳи рӯзи 30 июл дар ҷамоати деҳоти ба номи Додобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
“Шаҳрванд Ғаффорова Саноатхони 27 сола худ ва фарзандонаш Саидолимов Муҳаммад Носировичи 2 сола ва Саидолимова Сафияхон Носировнаи 5 моҳаро бо сабабҳои номаълум ба дарёи Сир партофтааст, ки дар натиҷа ҳама ғарқ шудаанд” – иттилоъ медиҳад манбаъ.
КҲФ мегуяд, соати 08:40 дақиқаи ҳамон рӯз аз тарафи аҳолӣ ҷасади Ғаффорова Саноатхон ва Саидолимова Сафияхон дарёфт карда шуда, ба хешовандонаш супорида мешавад.
Аммо ҷасади писари марҳум Саидолимов Муҳаммад то кунун ёфт нашудааст. Мақомоти КҲФ Суғд дастаи махсуси зудамали наҷотдиро ба маҳалли ҳодиса барои ҷустуҷӯи ҷасади Саидолимов Муҳаммад сафарбар намудааст.
Феълан корҳои ҷустуҷӯии рӯи обӣ ва зери обӣ дар Сирдарё идома дорад, афзудааст манбаъ.
То кунун сабаби худкушии модар ва фарзандон дақиқ нест.
Бар пояи иттилоъи расмӣ ин панҷумин ҳодисаи худкушӣ дар Суғд давоми як ҳафаи охир гуфта мешавад, ки мақомот ба қайд гирифтаанд.
Зимнан аз рӯи ҳаркадом чунин ҳодисаҳо мақомоти прокуратура парванда боз кардааст.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, сар аз аввали соли ҷорӣ 69 нафар ё бо роҳи худкушӣ ва ё ах рӯйи хатоӣ дар кулу дарёҳои кишвар ғарқ шудааст.
Миёни ғарқшудаҳо аксаран кӯдакону наврасони ноболиғанд.