Идомаи гармои шадид дар Тоҷикистон: то 47 дараҷа мерасад

Дар Тоҷикистон гармои тоқатфарсо то оғози ҳафтаи оянда идома мекунад. Дар назар аст, сатҳи гармо дар кишвар рӯзона то 47 дараҷа бирасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳавосанҷони тоҷик мегӯянд, гароми шадид дар кишвар то 3 июл давом мекунад.
Ба иттилои Агентии ҳавосанҷӣ, дар водиҳо ҳаво рӯзона то 40+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дарҷа гарм, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарми пешгӯӣ мешавад.
Ҳамин тариқ имрӯз 1 июл дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдор аз гармои шадид ва чанд тавсияи КҲФ ба сокинон
Гармо дар водиҳои вилояти Суғд шабона 20+25, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро бошад, гармои шадидтар интизор аст. Дар баробари ҳарорати баланди ҳаво, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Гармии ҳаво дар Душанбе бошад, шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 40+42 дараҷа мешавад.