ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар паи ду садамаи фоҷиабори нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан: яке 38-сола ва дигаре 42-сола ба ҳалокат расиданд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садамаи аввал дар деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи “БМВ”, сокини 40-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асосӣ баромада, ба мошини “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили “Опел-Астра”, зани 38-сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, дар паи ноуҳдабароии ронандаи "Опел-Вектра" як зан ҳалок ва як мард бистарӣ шудааст.
Ин садамаи фоҷиабор дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Гуфта мешавад, сокини 32-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Абай пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: як зани 42-сола ва як марди 63-соларо, ки ҳарду сокинони Душанбе ҳастанд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Зан аз зарби ҷароҳати бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз вазъи саломатии марди ҷароҳатбардошта гузориш надодааст.