ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ мавқеъашро боз беҳтар кардааст.
Ба ин тартиб, арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон боло рафта ҳамакнун 177,3 сомонӣ барои ҳазор рубл муқарар шудааст.
Бозори пули аврупоӣ бошад ошуфтатар мешавад ва мавқеъи худро дигарбора аз даст медиҳад. Агар як рӯз қабл он дар сатҳи 11,11сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 11.07 муқаррар шудааст.
Пули амрикоӣ низ каме боло рафтааст, аммо чашмгир нест. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби долларро 10.5578 сомонӣ барои як доллар муқаррар кардааст. Як рӯз қабл дар кишвар он 10.5534 сомонӣ қимат дошт.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177,3 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177,3 сомонӣ мехараду ба ивази 182,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177,3 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.