Занони Росровут дигар дар хона таваллуд намекунанд: Калонов барои онҳо таваллудхона сохт

Дар ҷамоати деҳоти Росровут ба далели мавҷуд набудани таваллудхона занон дар хона таваллуд мекарданд. Ҳоло ин мушкили онҳоро соҳибкорӣ ватанӣ бартараф кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Мушкили занони ҳомила дар ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич ҳал шуд. Занони ҷамоати мазкур ба далели мавҷуд набудани таваллудхона зоиши хонагӣ мекарданд.
Зимнан, аҳли ҷамоати Росровут барои ҳалли мушкилашон ба ҳокимияти Деваштич ва соҳибкор Ҳусейн Калонов муроҷиат намуданд ва талаби онҳо қонеъ гардонда шуд.
Котиботи ноҳияи Деваштич хабар медиҳад, ки соҳибкор Калонов бо харҷи ду миллион сомонӣ барои сокинони ҷамоати мазкур таваллудхонаи муосир сохта ба истифода дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар аксар минтақаҳо бинобар мавҷуд набудани шароити созгор барои таваллуди кӯдак, ҳомиладоро дар хона таваллуд мекунанд, ки дар аксар вақт ба фавти модару кӯдак анҷом меёбад.
Кӯҳистони Хатлон: Ҳар кӯдаки 10-ум дар хона таваллуд мешавад
Қаблан мақомоти тандурустии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, яке аз навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон хабар доданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таваллуд дар шароити хона ба қайд гирифта мешаванд.
Ба маълумоти беморхонаи марказии ноҳияи мазкур, тайи 12 моҳи соли гузашта 124 кӯдак дар хона таваллуд шудааст.
Таъкид шудааст, ки гарчанде зоиши хонагӣ ҳамагӣ 9,1%-и таваллуди умумӣ дар ноҳияро ташкил медиҳад, ҳанӯз ҳам ҷой доштани ин зуҳурот нишондиҳандаи камбуди мутахассисону мушкили дастрасӣ ба инфрасохтори тиббӣ мебошад.
Масъулини тандурустӣ мегӯянд, зоиши хонагӣ асосан дар деҳаҳои дурдаст, мавзеъҳое, ки таваллудхона надоранд, роҳашон то ба ноҳия хеле дур ва валангор аст, бештар сабт мегардад.
Дар ҳамин ҳол масъулин аз хатари зоиш дар хона ҳушдор дода, таъкид мекунанд, шароитеро, ки таваллудхонаҳо доранд, дар хона фароҳам кардан ғайриимкон аст.