ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ҷамоати деҳоти Ворух дидан кард.
Дар ин бора котиботи раиси вилоят хабар дода, изҳор доштааст, ки рӯзи 26 июн дар ин минтақа сели харобиовар омад. Сел манзили сокинонро аз селобаву лойиқа пур карда, ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва заминҳои наздиҳавлигӣ хисорот овард
Гуфта мешавад, Аҳмадзода бо корҳои барқароркунӣ ва тоза кардани маҳалҳои аҳолинишон аз паёмадҳои офати табиӣ шинос гардид.
Барои кумак ба сокинони аз офати табиӣ зарардида, ҳашари умумӣ ташкил гардид, ки дар натиҷа ҳавзҳои обнигаҳдорӣ ва ҳамчунин саҳни ҳавлии сокинон тоза карда шуд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр, раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ниҳодҳои марбута барои мунтазам расонидани кумак ба сокинон супоришҳо дода, дастур дод, ки корҳои бартарафкунӣ дар кутоҳтарин фурсат ба анҷом расонида шавад.
Бо дастури роҳбари вилоят техникаҳои зарурӣ сафарбар шуда, ҷӯйборҳои асосӣ тоза гардида, дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ таъмин карда шуд.
Айни ҳол аз ҷониби ситоди махсус хисороти воридшуда омӯхта шуда истодааст.