Занги Раҳмон ба Бердимуҳаммадов

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти пешини Туркманистон, роҳбари феълии Халқ Маслаҳати Милли Генгеши ин ҷумҳурӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, роҳбари пешини Туркманистон ва роҳбари феълии парлумон - "Халк Маслахати" 65-умин солгарди мавлудашро шодбош гуфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Бердимуҳаммадов, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар фаъолияти минбаъдаи давлатиаш комёбӣ орзу намудаст.
"Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои судманд ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардида, ояндаи рушди босамари онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми бародар мавриди таъкид қарор гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Рустами Эмомалӣ ба Бердимуҳаммадов дуруди Раҳмонро расонду ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар таҳкими равобити гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд доданд.
Дар ин замина, таъкид гардидаст, ки идомаи муколамаи доимии Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳҳои гуногун ва чораандешӣ барои тавсеаи пайвастаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар гарави муваффақият дар ин ҷода дониста шуд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 65-сола ҳудуди 15 сол раисиҷумҳури Туркманистон буда, моҳи марти соли равон курсии президентиро ба писараш Сардор Бердиҳмуҳаммадов супурд.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, Бердимуҳаммадови калонӣ ҳамзамон бо кори адабӣ машғул шуда, дар бораи таърихи туркманҳо, қолинҳо, аспҳои ахалтекӣ, ошпазӣ, мусиқӣ, чой, зарбулмасалҳо, сагҳои алабайӣ ва бисёр мавзӯъҳои дигар китобҳо навиштааст.