ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 1 июл оғоз мешавад, хабар дод Маркази миллии тестии назди раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, марказҳои имтиҳонӣ дар 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда мешаванд.
Муқаррар гардидааст, ки теъдоди довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад.
Дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо муҳр ва сурат зикр шуда, таъкид гардидаст, ки довталаб иҷозати гирифтани танҳо ду ручкаи рангаш сиёҳро бо худ дорад.
"Ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор қатъиян манъ мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ аз тариқи онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.
Таъкид гардидааст, Марказ барои он тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.