ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав дар доираи сафари корӣ дар ВМКБ, бо фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ дар ноҳияи Шуғнон шинос шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, вазири саноат зимни шиносоӣ бо фаъолияти Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, хостори омода кардани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи бозор шуд.
Вазир аз утоқҳои дӯзандагии муассиса дидан намуда, барои ташкил намудани дӯхти либоси мактабӣ дар заминаи Литсей супориш дод.
Инчунин Шералӣ Кабир бо фаъолияти коргоҳи коркади тут бо номи "Тути Помир" дар ҷамоати деҳоти Сучон шинос шуда, барои афзоиши тавлидот ва зиёд намудани содирот тавсияҳо дод.
Боздиди вазири саноат аз ВМКБ дар доираи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз ки дар ВМКБ рух дод, зикр намуд ва ба аксар вазирону раисон супориши қатъӣ дод, ки ба ин вилоят сафар кунанд.
Ӯ аз ҷумла ба Вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон, Шералӣ Кабир супориш дод, ки аз ВМКБ боздид кунад ва давоми даҳ рӯз тамоми шарту шароити ин минтақаи дурдасти кӯҳиро омӯхта аз пайи ташкил додани корхонаҳои хурди саноатӣ шавад.
Дар баробари Шералӣ Кабир, алъон вазири тандурустӣ, нақлиёт, кишоварӣ ва чандин мақомдорони дигар низ дар ВМКБ қарор доранд.