ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон гуфт, "дар бораи мавзуъҳои ҳассос, ки барои Русия бештар аҳамият доранд, ба шумо маълумот хоҳам дод".
Вай ҳамчунин дар ин дидор таъкид кард, ки масоили амниятиро низ баррасӣ хоҳанд кард.
"Масоили амниятӣ ҳам дар доираи СПАД ва ҳам дар чаҳорчӯби равобити дуҷонибаи мо бояд мавриди таваҷҷуҳи мо бошанд ва албатта, мавриди таваҷҷуҳи хоси мо қарор хоҳанд гирифт. Ман ба Шумо дар бораи масъалаҳои ҳассосе, ки Русия ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд дорад, маълумот хоҳам дод”, - гуфт Путин зимни мулоқот.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, кишвараш барои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад.
Вай гуфт, Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ҳастанд, тамос барқарор кардааст.
"Русия ҳамаи корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол ояд ва ҳоло мо талош дорем, бо гурӯҳҳои сиёсие, ки вазъро дар Афғонистон контрол мекунанд, ҳамкорӣ намоем", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Русия илова кард, ки дар ҳукумат ва мақомоти идории Афғонистон бояд тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур дошта бошанд.