ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар сабқати бахшида ба ёдбуди Гусман Косанов дар Қазоқистон натавонистанд ҷоиза ба даст оранд.
Дар ин мусобиқа, ки дар Алмаато баргузор шуд, беш аз 240 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, Эрон ва ғайраҳо ширкат доштанд. Ғолибони мусобиқа ба қаҳрамонии ҷаҳон дар ИМА роҳхат гирифтанд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев, Фаворис Мизропов, Салим Сайдалиев, Абдурауф Мусоев, Леонид ва Александр Пронженко шомил буданд.
Духтарон дар мусобиқа ширкат карда натавонистанд, гуфт мураббии яккачини Тоҷикистон Ғайрат Негматов. Ба гуфтаи ӯ, варзишгарон "ҳанӯз заифанд".
Мураббӣ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сабаби ноком шудани варзишгарони Тоҷикистонро, ки ҳамеша дар чунин сабқатҳо медал ба даст меоварданд, шарҳ дод.
"Аҳмадиев бо захм ба даври ниҳоии давидан ба масофаи 100 метр баромад, - 45 метри аввалро пеш аз ҳама тай кард, вале бо пои захмияш базӯр ба марра расид. Дар натиҷа, ӯ чаҳорум шуд. Дар ҷаҳидан низ ҳамин гуна ҷойро гирифт", - гуфт мураббӣ.
Мусоев дар гурзпартоӣ дар хати 4-ум шуд, давандаҳо дар масофаи 4x100 метр низ, ҳамин гуна натиҷа нишон доданд.
"Сайдалиев дар ҷаҳидан хеле хуб мубориза бурд, вале медал ба даст наовард ва Музрапов дар давидан ба масофаи 200 метр ба даври ниҳоӣ баромада натавонист, гарчанде аз рекорди шахсии худ — 21,54 пеш гузашт", — таъкид кард Негматов.
Ба гуфтаи ӯ, ширкат дар чунин мусобиқаҳо гарави муваффақияти оянда аст.
"Онҳо таҷрибаи хуб андӯхтаанд, зеро бе ин ва бидуни ин гуна оғозҳо пирӯзӣ ба даст намеояд", - бовар дорад мутахассис.
Мавсими тобистонаи имсолаи варзишгарони тоҷик ба охир нарасидааст. Дар пеш якчанд мусобиқаҳо, аз ҷумла дар арсаи ҷаҳонӣ ҳастанд.
Ҳамин тариқ, ба зудӣ дар ИМА Қаҳрамонии ҷаҳон баргузор мешавад, ки дар он Аҳмадиев бо ҳамроҳии қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров ширкат мекунад.