ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар додааст, руасои ҷумҳури Тоҷикистону Русия барои идомаи кори муштарак ҷиҳати боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд.
Дар ин мулоқот ба масъалаҳои омодагӣ ба форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ёдрас мешавем, ки Русия шарики муҳими стратегии Тоҷикистон ва шарики муҳими тиҷориву иқтисодии кишвар мебошад.
Табодули коло миёни ду кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор қайд кардааст муносибатҳои Тоҷикистону динамикаи баланди рушд доранд, равобит байни минтақаҳо низ фаъолона инкишоф меёбанд
“Зиёда аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ғайра доранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Қаблан сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфта буд, ки Русия шарики аслии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст.
Ҳаҷми тиҷорат байни кишварҳои мо дар соли гузашта болиғ бар 1,352 миллион доллар будааст.
Вай гуфт масоили муҳоҷират низ яке аз мавориди муҳим дар дастури кори ҳамкории мо боқӣ мондааст. Солона ҳудуди 1 миллион нафар барои кор ба Русия мераванд.
“Бисёре аз мардум ҳамроҳ бо шиносномаи тоҷикӣ тобеияти Русияро низ доранд. Дар соли 2021 беш аз 65 ҳазор тоҷик тобеияти Русияро дарёфт карданд”, - таъкид дошт Лякин-Фролов.