Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, меҳмоннавозии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз сӯйи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар ин сафари худ ӯ бо кишвардори Тоҷикистон дидору мулоқот кард ва дар ин мулоқот маҷмуи масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Русияи ҳампаймонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ қайд намуданд.
Ҳамзамон аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи сиёсии мунтазаму эътимодбахш, ҳамчунин робитаҳо дар сатҳи олӣ ва баланд таъкид гардид.