Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Ҷузъиёти мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ифшо нашудааст, танҳо зикр гардида, ки як вохӯрии дигар дар Бишкек сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрӣ ва мулоқоти чандрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид ва дар фарҷом як протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вазорат аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намудааст ва ҷузъиёти бештарро ифшо накардааст.
Танҳо зикр шудааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстона сурат гирифт ва интизор меравад, ояндаи наздик як ҷаласаи дигар дар Қирғизистон баргузор шавад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.