ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, назарашро дар бораи вазъи Афғонистон баён намояд.
“Аз ин ҷо, албатта, ба шумо беҳтар намоён аст, ки дар ин кишвар чӣ рух медиҳад ва чӣ бояд кард, то вазъ дар Афғонистон, дар минтақаи масъулияти муштараки мо устувор бошад ва ба касе, аз ҷумла ҳамсояҳо таҳдид накунаду ба фоидаи ин кишвар, ҳамчунин ҷомеаи гуногунмиллати он бошад", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш барои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад.
Вай гуфт, Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ҳастанд, тамос барқарор кардааст.
"Русия ҳамаи корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол ояд ва ҳоло мо талош дорем, бо гурӯҳҳои сиёсие, ки вазъро дар Афғонистон контрол мекунанд, ҳамкорӣ намоем", - ҳамкорӣ намоем.
Раисҷумҳури Русия илова кард, ки дар ҳукумат ва мақомоти идории Афғонистон бояд тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур дошта бошанд.
Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома доранд.