Оҷонсӣ корманди андозро баъди "порагирӣ" боздошт кард

Корманди Кумитаи андоз барои рупӯш кардани қонунвайронкунии як шаҳрванд аз ӯ пул талаб кард, ки баъди гирифтани маблағ боздошт шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Б.С. як корманди андоз дар шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Баиттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, боздоштшуда, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда даст ба чунин амал задааст.
"Зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Б.С баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Оҷонсии зидди фасод ходими корхонаеро барои гирифтани мукофот боздошт кард
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.