ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Русия Рӯзи оила, муҳаббат ва садоқат таъсис эълон шуд. Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имзо кардааст.
Бар асоси фармон, минбаъд ҳамасола 8 июл сокинони кишвар Рӯзи оила, муҳаббат ва садоқатро таҷлил мекунанд. Ҳадаф аз ин иқдом ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарбияи ҷавонон дар доираи онҳо арзёбӣ гардидааст.
"Бо мақсади ҳифзи арзишҳои анъанавии оилавӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдакон ва ҷавонон қарор мекунам: Рӯзи оила, муҳаббат ва садоқат эълон шаваду он 8 июл қайд гардад", - омадааст дар ин ҳуҷҷат.
Таъкид шудааст, ки фармон аллакай аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор гирифта, матни он дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ нашр гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки ибодатгоҳи масеҳии Русия ҳамасола 8 июлро чун Рӯзи поси хотири Пётр ва Феврония қайд мекунанд, ки аз замони қадим дар қаламрави рус ҳомиёни оила ва издивоҷ дониста мешуданд. Қиссаи муҳаббати онҳо дар "Достон дар бораи Пётр ва Феврония Муромских" тасвир ёфтааст.
Ахиран Путин ояндаи Русияро дар оилаҳои серфарзанд арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, вазъи демографӣ ва таваллуд дар Русия аз сатҳи зиндагӣ вобастагӣ дорад.
"Ояндаи Русия ин оилаҳои бо ду-се ва зиёда аз он фарзанд мебошад", - изҳор дошт Владимир Путин зимни ҳамоиши иқтисодӣ дар Санкт-Петербург.
Вай таъкид намуд, ки бахшҳои маорифу тандурустӣ бояд ба талаботи оилаҳои серфарзанд мутобиқ шаванд. Президент гуфт, дар ҷамъбасти сол ба корҳои анҷомшуда дар ин самт баҳо дода хоҳад шуд.