Баъди дастури президент раиси Суғд ба назорати кишти такрорӣ рафт

Интихоби кишти зироат дар минтақа бо назардошти иқлим ва обуҳаво сурат мегирад, зеро ин имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба кишти такрории зироатҳо омодагӣ мебинанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилоят хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни як сафари корӣ ҷиҳати ошноӣ бо рафти корҳои саҳроӣ аз ҶСК "Абдураҳим Ҷумъаев"-и ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафуров дидан кардааст.
Деҳқонон гуфтанд, ки дар доираи барномаи истифодаи оқилонаи замин майдони 5212 гектар барои кишти дуюми зироат омода карда мешавад. ъ
Қаблан деҳқонон дар майдони 140 гектар гандум кошта, зиёда аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Бояд гуфт, ки замини хоҷагӣ 2736 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 1750 гектараш пахта кошта шудааст.
Раҳмон аз буҳронҳо гуфту аз тоҷикистониён хост, омода бошанд
Аҳмадзода қайд кард, ки интихоби кишти зироатҳо бояд бо назардошти иқлим ва обу ҳаво сурат гирад, зеро интихоби дуруст имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони кишт 20 ҳазор гектар, замини корам 295 гектар, замини наздиҳавлигӣ 8,4 ҳазор гектар, замин барои хоҷагии ёрирасони шаҳрвандон 975 гектар, замини ҷангал 2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Сафари Аҳмадзода ба минтақаҳо барои санҷиши кишти такрорӣ дар ҳолест, ки қаблан раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни як тамос ва пасон дар суҳбат бо фаъолони Хатлон ба тамоми раисони шаҳру навоҳии кишвар гуфт, раванди кишти такрорӣ ҷиддӣ назорат шавад.
Ӯ бо ишора аз вазъи вахими иҷтисодии ҷаҳон ва эҳтимоли буҳрони ғизоӣ гуфт, ҳар порча замин бояд оқилон ва ду ё се бор кишт шавад.