ДУШАНБЕ, 28 июн – Sputnik. Оҷонсии ҳавосанҷии кишвар мегӯяд, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, ҳарорат боло меравад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17, рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27+32 то 32-37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои Дарвоз то +40 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Гармои шадид дунболагири шимоли кишвар низ ҳаст. Дар водиҳои Суғд шабона 20+25, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 23+28 то 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои аз ҳама гарматар интизор аст, ки ин ҳадди болотарин дар соли ҷорист.
Ҳаво дар водиҳои минтақа шабона 21+26 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 ва рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27+32 то 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш дар назар буда, шабона 19+21 ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.