Султонов гуфт, чаро дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ намекунад

Футболбоз гуфт, пас аз беҳтарин бозигари ФНЛ (Лигаи миллии футбол, дувумин лигаи бартар дар қаҳрамонии футболи Русия) эълон шуданаш чӣ эҳсосоте ӯро фаро гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Муҳаммад Султонов, зодаи Тоҷикистон беҳтарин бозигари Лигаи миллии футболи Русия дар мавсими гузашта дар ҳайати дастаи "Торпедо"-и Маскав гардид.
Инчунин, бозигар беҳтарин ассистенти мавсим шуд.
Ин тасмим дар асоси пурсиши мураббиён ва капитанҳои дастаҳои ширкаткунандаи мавсими 2021/22 гирифта шудааст.
Варзишкори тоҷик 15 гол зада 12 патоби натиҷадор кардааст. Бо кумаки ӯ бошгоҳ тавонист ғолиби ин мусобиқот ва соҳиби роҳхати мустақим ба РПЛ (Премер-Лигаи Русия) шавад.
Баъди таътил футболбоз ба дастае шомил шуд, ки ба мавсими нав омодагӣ мегирад. Аллакай дар ҳайати даста бо тими "Нефтехимик" вохӯрии дӯстона анҷом дод.
Дар ин бозӣ, "Торпедо" бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, ҳарду тӯби головарро Муҳаммад патоб кард.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз бозигар дар бораи вазъи бошгоҳ ва таассуроташ аз беҳтарин бозигари мавсим шуданро, пурсид.
"Ба ман дастаи "Торпедо" хеле маъқул аст! Ва, албатта, ман хеле шодам, ки мавсими гузашта барои мо хуб буд. Мо тавонистем, ки роҳхат ба Лигаи олиро ба даст орем - ин аз ҳама муҳим аст. Дар мавриди бозии ман - ин ҳамааш ба туфайли тими ман даст дод. Шодам, ки ба клубамон фоида мерасонам", - гуфт Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, беҳтарин бозигари мавсим эътироф шудан, натиҷаи тамрини сахт ва талоши зиёд барои муваффақият аст.
Султонов беҳтарин бозингари тими "Нижний Новгород" интихоб шуд
"Беҳтарин футболбоз шуданам барои ман аҳамияти бузург дорад. Илова бар ин, ин маънои онро дорад, ки ман беҳида тамрин накардаам. Вақте ки натиҷа ҳаст, қаноатмандӣ ҳаст. Ман минбаъд низ мекӯшам, ки дар ҳар кор муфид бошам", - гуфт варзишкор.
Як сол мешавад, ки ӯ ба "Торпедо" пайвастааст. Оё баъди ин муддат гуфтан мумкин аст, ки бозигар дастаи худро пайдо кардааст? Охир, қаблан ӯ дар дастаҳои "Ротор", "Нижний Новгород" буд, ки бо онҳо ба РПЛ ворид мешавад, вале баъдан дастаҳоро тарк карда, ба ФНЛ бармегардад.
"Ҳоло дар "Торпедо" ҳама чиз ба ман мувофиқ аст. Агар ман бомуваффақият баромад карданро идома диҳам, дар бораи он ки ман дастаамро ёфтам ё не, гуфтан мумкин мешавад. Ман он давраҳоро бо "Ротор" ва "Нижний Новгород" ба ёд овардан намехоҳам. Ҳоло ман ба ҳеҷ куҷо рафтан намехоҳам”, - гуфт Султонов.
Баъди "рондан" аз "Ротор": футболбози шинохтаи тоҷик ба тими “Нижний Новгород” гузашт
Инчунин ҷолиб он аст, ки Муҳаммад Султонов дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ намекунад, ҳарчанд дар он ҳама мунтазири ӯ ҳастанд – ҳам мухлисон ва ҳам мутахассисон.

"Чаро ман дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ намекунам? Ман ба ин савол борҳо ба хабарнигорони мухталиф посух додаам. Сабаби асосӣ ин аст, ки ман намехоҳам легионер шавам. Ҳамааш ҳамин", - гуфт Султонов.

Бояд илова кард, ки Муҳаммад Султонов барои бозӣ дар тими мунтахаби кишвар омода аст, аммо мушкиле вуҷуд дорад - дар Русия ӯ легионер мешавад ва имкони ӯ дар ин замина маҳдуд мешавад.
Умед ҳаст, ки рӯзе Тоҷикистон ба ИИАО шомил мешавад ва ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон, аз ҷумла онҳое, ки дар Русия ҳастанд, дигар легионер ҳисобида намешаванд.
Он гоҳ Султонов дар "Торпедо" легионер нахоҳад шуд ва метавонад дар тими миллии кишвараш бозӣ кунад.
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон шаш зина боло рафт
Муҳаммад Султонов 22 декабри соли 1992 дар Ёвон (Тоҷикистон) таваллуд шудааст. Қади ӯ 176 см ва вазнаш 68 кило аст.
Ӯ дар дастаҳои "Локомотив-2" (Маскав), "Спартак-Налчик", "Тосно" (вилояти Ленинград), "Спартак" (Налчик), "Шинник" (Ярославл), "Ротор" (Волгоград), Нижний Новгород" бозӣ кардааст.
Аз моҳи июли соли 2021 - бозигари ФК "Торпедо"-и Маскав аст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта “Торпедо” бо “Нижний Новгород” дар мавриди гузариши Муҳаммад Султонов ба ин бошгоҳ ба мувофиқа расида буд.
Муҳаммад Султонов дар дастаи охиринаш он вақт 30 бозӣ карда, 7 гол ва 6 партофти головар кардааст.
Қабл аз "Нижний Новгород" футболбоз дар тими "Ротор Волгоград" дар лигаи олии Русия 5 бозӣ анҷом додааст.