ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, дастурҳои рушди муносиботи минбаъдаро муайян мекунанд, гуфт Юрий Ушаков, ёвари раҳбари Русия дар умури байналмилалӣ.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар медиҳад.
Тибқи гузориши ин ниҳод, сарони давлатҳо аз иқтисоду тиҷорат то амнияту пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиёро баррасӣ хоҳанд кард.
"Фардо сафари корӣ аст. Музокирот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад... Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд: дар ин ҷо ҳам соҳаи тиҷорату иқтисод ва ҳам бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ. Ва, албатта, дастурҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ бо дарназардошти он, ки кишварҳои мо 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд", - гуфт Ушаков дар суҳбат бо хабарнигорон.
"Мо пайваста ин масъаларо бо дӯстону ҳамкорони тоҷики худ баррасӣ мекунем. Дар сатҳҳои мухталиф мо бартарии ҳамгироӣ дар чорчӯби ИИАО-ро нишон медиҳем. Ҳамкорони мо ин масъаларо меомӯзанд. Имкон дорад, ки то андозае ин масъала дар суҳбати президентҳо баррасӣ шавад", — гуфт Ушаков.
Вай гуфт, ки ин дувумин мулоқоти шахсии сарони давлатҳо дар соли ҷорӣ буда, нахустин мулоқот дар Маскав дар ҳошияи нишасти солгарди СПАД рӯзи 16 май сурат гирифт.
Илова бар ин, дар соли ҷорӣ президентҳо шаш гуфтугӯи телефонӣ анҷом додаанд.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.
Аз ҷумла Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ кард. Вай дар як ҷаласа бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гуфт, дар Афғонистон фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ афзудааст.