Намояндагони вазоратҳои мудофиаи ИДМ барномаи ҳамкориҳоро қабул карданд

Намояндаи Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ширкаткунандагони ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозии намояндагони нерӯҳои муҳандисии кишварҳои ИДМ нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2023 тасдиқ карданд.
Ҷаласаи ҳаштуми кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба таъминоти муҳандисии назди Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ дар вилояти Алмаато баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифоъи Қазоқистон хабар додааст.
Вазирони дифои кишварҳои ИДМ дар Маскав чиро баррасӣ карданд?
Гуфта мешавад, ки дар он намояндагони нерӯҳои муҳандисии вазоратҳои дифоъи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва котиботи Шӯрои вазирони дифоъ ширкат доштаанд.
"Тарафҳо ҳамкориҳои нерӯҳои муҳандисии вазоратҳои дифои кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ намуда, барномаи омодасозии воҳидҳои муҳандисии миллӣ баррасӣ ва нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2023 тасдиқ карданд", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки қарорҳое, ки дар мулоқот қабул шудаанд, ба рушди низоми ҳамкориҳои ҳарбӣ байни нерӯҳои муҳандисӣ бо назардошти манфиатҳои умумӣ ва миллӣ нигаронида шудаанд.