Лукашенко: Минск ва Маскав раванди воридотивазкуниро сахт назорат мекунанд

Роҳандозии тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳои раисҷумҳури Беларус ва ҳамтои русаш дар вақтҳои охир арзёбӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Роҳбарони Беларус ва Русия созиш кардаанд, ки раванди воридотивазкуниро таҳти назорати шадид қарор хоҳанд дод.
Дар ин бора Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус хабар дода, афзуд, ки ин масъаларо зиёд, аз ҷумла бо Владимир Путин, президенти Русия баррасӣ намуд, навиштаст РИА "Новости".
Лукашенко изҳори хурсандӣ намудаст, ки маҳсулоти кишвараш дар бозори Русия талаботи зиёд дорад.
"Феълан масъалаи чӣ гуна бояд фурӯхт дигар мубрам нест. Масъала ин аст, ки чӣ тавр метавон талабот, пеш аз ҳама Русияро бо маҳсулоте, ки тавлид мекунем, таъмин намоем", - изҳор дошт ӯ.
Раисиҷумҳури Беларус вазифаи ҳукуматро дар он гуфтааст, ки ягон соҳаро сарфи назар накунаду ягон созишеро қонеънашуда нагузорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Михаил Мишустин, сарвазири Русия гуфт, фишори таҳримҳои Ғарб ба тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсир дорад.
Аз амният ба иқтисод: Олимов дар Санкт-Петербург аз майлони нави СҲШ гуфт
"Иқтисоди кишварҳои мо зич бо ҳам вобастаанд. Вазифаи асосӣ кам кардани таъсири таҳримҳо ба шаҳрвандон, таҳкими эътидоли макроиқтисодӣ мебошад", - изҳор дошт вай.
Мишустин муҳим хонд, ки вобастагиро бояд аз молҳои воридотӣ кам карду лоиҳаҳои инноватсионии худиро ба роҳ монда, бартарияти тамоми шариконро бояд истифода кард.