Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сафири ҶМЛ: ҳамаи гаравгонҳо аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ дар "Азот" озод шуданд

Сафири Ҷумҳурии мардумии Луганск гуфт, ки корхонаи саноатии "Азот" аз ҷангҷӯёни украинӣ озод шуд ва он ҷо ягон гаравгон боқӣ намондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави "Азот" гаравгон намондааст, гуфт сафири ҶМЛ дар Русия Родион Мирошник.
"Ҳеҷ кас дар дасти ҷангҷӯёни украинӣ гаравгон намондааст. То имрӯз ҳудуди минтақаи саноатии "Азот" аз ҷангҷӯёни украинӣ комилан озод карда шудааст", - хабар дод сафир.
Ӯ гуфт, вале ҳастанд гурӯҳи одамоне, ки намехоҳанд ин минтақаро тарк кунанд.
"Теъдоди муайяни одамон ҷои рафтан надоранд ва онҳо намехоҳанд аз қаламрави Северодонетск берун шаванд, тақрибан 30%, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳо бимонанд. Сарбозони мо ба онҳо ғизо, об ва дору медиҳанд", - гуфт Мирошник дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24".
Сафир афзуд, ки аллакай чанд нафар аз қаламрави минтақаи саноатӣ тахлия шудаанд.
"Субҳи имрӯз, беш аз 500 нафар, ки тасмим гирифтанд паноҳгоҳро тарк кунанд, бо нақлиёт, асосан ба Старобелск интиқол дода шуданд. Он ҷо нуқтаи тақсимот мавҷуд аст, ки мардум аллакай тасмим мегиранд ба куҷо рафтан мехоҳанд, дар куҷо хешовандон доранд ва ё ба марказҳои зисти муваққатӣ рафтан мехоҳанд”, - афзуд сафир.
Қаблан сафир гуфта буд, ки рӯзи якшанбе ҳудуди 250 ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон аз "Азот" берун бароварда шуданд.
Рӯзи шанбе Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон гуфт, ки 800 нафар корхонаро тарк кардаанд.
Беш аз 500 нафар аз аҳолии мулкӣ аз "Азот" ба ҷойи амн кӯчонида шуданд
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Қодиров ҳақиқатро дар бораи талафоти бузурги зархаридон дар Украина ошкор кард
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.