ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Шаҳриёри Афандизода дар ин бора зимни дидор бо ҳайати тоҷикӣ, ки имрӯзҳо дар Теҳрон қарор доштанд таъкид кард, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Муовини ҳамлу нақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон дар ин дидор бо ишора ба вуҷуди масирҳои муштараки миёни ду кишвар бар зарурати афзоиши транзиту содироту воридоти Эрону Тоҷикистон таъкид кард.
Вай гуфт, Эрон барои ҳар гуна ҳамкорӣ дар шаклҳои мухталифи ҳамлу нақл аз ҷумлаи ҷодаӣ, роҳи оҳанӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ омодагӣ дорад.
“Эрон масире ба самти обҳои озод аст ва кишварҳои Осиёи Миёна ба роҳатӣ метавонанд аз ин масир истифода кунанд”, - афзуд Афандизода.
Вай таъкид кард, ки бандарҳои Эрон низ омодагии сармоягузории бахши хусусии кишвари Тоҷикистонро дорад ва бо тавваҷуҳ ба вуҷуди коридорҳои муштарак метавон ҳамкориҳои ду ё чандҷониба дошта бошем.
Афандизода афзуд, бояд долонҳои транзити ҷодаӣ ва рейлиро афзоиш диҳем ва дар ин масир соири кишварҳоро низ ҳамроҳ кунем.
“Метавон дар ин кумитаи ҳамаи шаклҳои мухталифи ҳамлу нақл бо ҳузури бахши хусусӣ ва мақомоти ҳамлу нақли ду кишвар ҳамаи мавзӯъоти ин ҳавзаро мавриди баррасӣ қарор дод, то мизони тиҷорати миёни Эрону Тоҷикистон бо уфуқи дарозмуддат дар заминаҳои мухталиф афзоиш ёбад”, - зикр кард муовини ҳамлу нақли Вазорати роҳу шаҳрсозӣ ҳамчунин бо таъкид бар ташкили кумитаи ҳамлу нақли миёни ду кишвар.
Ҳамчунин дар ин дидор бар ҳамкориҳо дар хусуси ҳузури тарафи тоҷик дар бандарҳои Эрон ба вижа бандарҳои ҷанубӣ (Чобаҳор) барои дастрасӣ ба обҳои озод таъкид шуд ва афзоиши ҳамли маҳсулоту борҳо ба сурати рейлӣ ва ҷодаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.