ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Амирҷони Насим натавонистанд ба хазинаи дастовардҳои варзиши Тоҷикистон медал ворид кунанд.
Ин се ҷудокори номӣ дар "Тоскулоҳи бузург", ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон ҷараён гирифт, иштирок намуданд, вале қувваозмоиҳои онҳо бенатиҷа анҷом ёфт, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Беҳрӯз Хоҷазода дар даври якум, бо ҷудокори кишвари мизбон Уранбаяр Одгерел вориди майдони рақобат шуд ва ҳарифашро мағлуб кард.
Вале дар даври дуввум, Беҳрӯз аз ҷудокори тоҷиктабори Русия - Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки таҳти парчами IJF баромад мекунад, шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.
Зимнан, Сомон маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо паҳлавони ӯзбек Шаҳром Аҳадов неру санҷид, вале шикаст хӯрд.
Ҳамчунин, Амирҷони Насимҷон дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори мизбон Мунхбаяр Баттогтох мағлуб шуд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи "Ulaanbaatar Grand Slam 2022" 270 варзишгар аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Барои ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ҷойи дуюм 3000 ва барандаи медали биринҷӣ 1500 евро гирифт.