ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар аксар минтақаҳо ҳаво аз 40 дараҷа ҳам бештар тафсон мешавад.
Бар хабари оҷонсии ҳавошиносии кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона аз 27-32 то то 32-37 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвоз то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисмати шарқӣ шабона 2-7 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20-25, рӯзона 37-42 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон дамои ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона то 40-45 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм хоҳад шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16-18 дараҷа ва рӯзона 37-39 дараҷа гарм мешавад.