Тағйирот дар қонун: киҳо дар Тоҷикистон наметавонанд расман ходими дин шаванд

Парлумони Тоҷикистон бо иловаи тағйирот ба Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" мушаххас кард, ки киҳо наметавонанд расман ходими дин бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумон тағйирот ба қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро тавзеҳ дод.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Ҷавҳарӣ овардааст, ки бар асоси тағйирот афроди алоҳида наметавонанд, ходими дин шаванд.
Дар ин феҳраст, аз ҷумла афроде қарор гирифтаанд, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир кардаанд.
Афроди дастандаркори ҷиноёти дорои хусусияти террористӣ ва экстремис­тидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд, афзудаст вакил.
Қабули қонун алайҳи табъиз аз рӯйи забон, миллат ва дину ақида: шарҳи вазир
Тағйироти мазкур ташаббуси аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Раҷаббой Аҳмадзода, Дилшод Раҳмон ва Фарҳод Раҳимӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гузоришҳо нашр кардаанд, ки афроди ба ном мулло дар навоҳӣ бо истифода боварӣ ба бархе аз бонувон дастдарозӣ кардаанд. Инчунин гузоришҳо аз даст доштани ба ном ходимони дин дар ҷиноёти хусусияти экстремистӣ низ нашр мешуданд.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 4 ҳазору 58 иттиҳодияи динӣ дар феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.