Расонаҳо: Норасоии газ дар Олмон иқтисоди тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба қафо мекашад

Ба таъкиди нахуствазири Белгия, Олмон ҳоло ягона кишварест, ки эътироф намуд, дар сурати мушкилот бо манобеи энержӣ фаъолияти иқтисодии худро коҳиш медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Нахуствазири Белгия Александр де Крос ҳушдор дод, ки агар Олмон ба далели камбуди газ ба мушкилот дучор шавад, барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо "эффектҳои домино" хоҳад омад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Олмон N-TV.
"Агар Олмон ба мушкилот шурӯъ кунад, он ба тамоми кишварҳои дигари Аврупо таъсири бузург хоҳад дошт", - гуфт сиёсатмадор.
Вай ёдовар шуд, ки Олмон дар ҳоли ҳозир ягона кишварест, ки эътироф намудааст шояд ба далели мушкилот бо манобеъи энержӣ бояд бархе аз фаъолияти иқтисодии худро коҳиш диҳад.
Қаблан Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон хостори коҳиши масрафи газ дар ин кишвар дар ҳама ҷо ба далели сар задани бӯҳрон шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, камбуди маводи сӯхт метавонад боиси мутаваққиф шудани тамоми равандҳои бозор гардад, ки ба қатъи пурраи бархе аз соҳаҳо таҳдид мекунад.
Аз фаронсавиҳо даъват шуд, фавран ба сарфаи нерӯи барқ ва гармӣ шуруъ кунанд
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта Олмон марҳилаи дуввуми нақшаи семарҳиларо барои рафъи вазъияти изтирорӣ дар бахши газ фаъол кард. Инак, дар марҳалаи аввал мақомот штаби координатсионӣ ташкил карда, ба назорати суръати пур кардани анборхо шуруъ карданд.
Дар дуюм, ҳолати ҳушёрии баланд ҷорӣ карда мешавад, аммо ширкатҳо метавонанд мустақилона тасмим гиранд, ки истеъмолро чӣ қадар кам кунанд.
Дар марҳалаи охирин режими фавқулода муқаррар карда мешавад, ки он ба давлат имкон медиҳад, ки захираҳоро худаш тақсим кунад.