Қабули қонун алайҳи табъиз аз рӯйи забон, миллат ва дину ақида: шарҳи вазир

Бар асоси қонуни ҷадид дар Тоҷикистон ҳар нафаре, ки мавриди табъиз аз рӯи дину мазҳаб, нажод, миллат, забон қарор гирифтаст, метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон қонуни қабулкардаи парлумон алайҳи табъиз дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод.
Ба иттилои Ашӯриён, бар асоси қонун "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" заминаҳои ҳуқуқии имкониятҳои баробар барои ҳамаро таъмин месозад.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири адлия овардааст, ки табъиз ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ буда, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва ё этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкй ё ҳолати дигар асос меёбад.
Қатъи мақоми адвокатии беш аз 100 нафар дар Тоҷикистон
"Доираи амали қонун ба ҳама сохтори давлатӣ, мақомоти худ­идоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолияти онҳо, паҳн мегардад", - таъкид кардаст вазир.
Ӯ илова намуд, ки бар асоси қонун ҳар нафаре дар Тоҷикистон мавриди табъиз қарор гирифтаст, метавонад барои ҷуброни зарари дидааш ба додгоҳ муроҷиат намояд.
"Ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва ё қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд", - илова намуд вай.
Ашӯриён изҳор дошт, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар аз табъизро кафолат медиҳад ва барономаҳоеро барои таъмини баробарию барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз меандешад.