ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон аз барканории Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ ҳимоят кард.
Фармони раисҷумҳур барои барканории Нуралиевро дар парлумон Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қироат карда, далели барканориро гузаштан ба кори дигар гуфт. Аммо дар мавриди ҷои нави кор иттилои бештар дода нашуд.
Ҷонибдории парлумон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони мазкурро 10 июн имзо карда, барои тасдиқ ба Маҷлисил намояндагон пешниҳод намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев дар мақоми муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ фаъолият дошт.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев солҳои 2010-2015 дар вазифаи муовини якуми вазири молия, солҳои 2007- 2010 дар вазифаи муовини вазири молия кор кардааст.
Қабл аз ин ӯ дар созмонҳои гуногуни молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра фаъолият карда буд.
Аммо вай корро дар низоми молиявӣ аз соли 1999 ба ҳайси иқтисодчии идораи шарҳдиҳӣ ва методологии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2001 дар ин мақом фаъолият кардааст.