ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Воладимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, бо як фармон намояндаи расмии ин кишвар дар Тоҷикистонро таъйин кард.
Фармони дахлдор дар вебсайти расмии раҳбари Украина нашр шудааст.
"Валерий Владимирович Евдокимов Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад", — гуфта мешавад дар фармон.
Ҳамчунин бо як фармони дигар раиси ҷумҳури Украина 5 сафири ин кишварро барканор кард.
Ба ин тартиб, раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Украина дар Гурҷистон, Эрон, Португалия, Лубнон ва Словакия аз мақомаш барканор шуданд.
Фармонҳои дахлдор дар вебсайти расмии Зеленский нашр шудаанд.
Сабаби аз кор озод шуданаш маълум нест. Дар сайт то ҳол фармон дар бораи таъини сафирони дигар вуҷуд надорад.
Сафири нави Украина дар Тоҷикистон 51 сол дошта, низомии собиқ аст ва аз моҳи сентябри соли 2019 то июни соли 2020 дар вазифаи Хадамоти истихбороти хориҷии Украина низ кор кардааст. Ӯ рутбаи генерал-майор дорад.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Украина 24 апрели соли 1992 барқарор шудааст.