ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Варзишгари тоҷик Асламҷон Азизов дар қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, медали нуқра ба даст овард.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Қаҳрамонии Осиё оид ба куштӣ миёни ҷавонон (U-23) дар намуди юнонӣ-римӣ, ки дар шаҳри Бишкек ҷараён дорад, барои варзишкори тоҷик бобарор анҷом ёфт.
"Варзишгари тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни -55кило дар Қаҳрамонии Осиёи миёни ҷавонон, медали нуқра ба даст овард", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи гузориши Кумита, рақобатҳои ин вазн тибқи низоми даврӣ баргузор шуда, Асламҷон дар даври аввал бар Аҷай Аҷайи ҳиндустонӣ пирӯз шудааст.
Вале, дар даври дуюм аз варзишгари Қазоқистон Ерсин Абир шикаст хурдааст.
Дар даври сеюм варзишкори тоҷик бар рақиби мизбон Уран Муратбек уулу пирӯз гардида, дар даври чорум аз намояндаи Ӯзбекистон Ихтиёр Ботиров шикаст хӯрдааст.
Ҳамин тариқ, Асламҷон бо ду пирӯзӣ ва ду бохт ҷои дуюмро гирифт.
Ҷои аввал бо 3 пирӯзӣ ва як бохт насиби Ихтиёр Ботирови узбекистонӣ ва ҷои сеюм бо ду ғалаба, ду бохт насиби Ерсин Абир (Қазоқистон) шуд.
Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон рӯзи 25 май идома меёбад. Тоҷикистонро дар ин сабқат, 6 нафар намояндагӣ мекунанд.