ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Табибон дар саросари ҷаҳон 920 ҳолати эҳтимолии гепатити пайдоишаш номаълумро дар кӯдакон сабт кардаанд.
Ин беморӣ аллакай дар 33 давлат ошкор шудааст.
Дар ин бора дар гузоришномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар медиҳад.
Дар ҷаҳон дастикам 12 кӯдак аз ин бемории номаълум фавтидаанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида ва Индонезия панҷ нафар, дар Ирландия ва Фаластин як нафарӣ аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Ин маризӣ дар байни кӯдакони аз 10 - сола хурдтар бештар сабт шудааст.
Ҳадди ақал 45 кӯдак аллакай ба пайванди ҷигар ниёз доранд.
Қаблан олимон гуфтанд, ки эпидемияи гепатити шадиди пайдоишаш номаълум дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида метавонад бо коронавирус ва ваксина алайҳи он алоқаманд бошад.
Бархе аз вирусшиносон ин бемориро "гепатити аутоиммунӣ, ки аз ваксина ба вуҷуд меояд" номидаанд.
Ин дар ҳолест, ки вирусшиносонро сирояти пештар зуҳуркардаи сурхакони ҳамдуна, ки моҳҳои охир паҳн шуд ба ташвиш овардааст.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.