Заминларзаи дуюм дар Афғонистон боз 5 кушта бар ҷой гузашт

Афғонистонро боз заминларза такон дод. Ин бор ҳам зилзила дар минтақаҳое сар зад, ки ду ахиран дар он ҷой рух дода буду куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бар асари зилзила дар шарқи Афғонистон панҷ нафари дигар кушта ва беш аз даҳ тан маҷруҳ шуданд. Дар ин бора Шарофат Замон, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон ба РИА Новости хабар додааст.
"Мутаассифона, мо боз аз вилояти Пактиё хабари нохуш дорем. Имрӯз соати 10 дар минтақаи Гиён заминларзаи навбатӣ рух дод", - гуфт манбаъ ва афзуд, ки "беш аз панҷ қурбонӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд".
Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS) рӯзи ҷумъа дар наздикии марзи Афғонистону Покистон заминларза ба шиддати 4,3 дараҷа рух дод.
Ба иттилои хадамот, заминларза дар умқи 10 километр ба вуқуъ омадааст.
Ёдовар мешавем, шаби 21 ба 22 июн Ҷумҳурии Афғонистонро заминҷунбии қавӣ такон дод.
Ҳамдардии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон: Cахт андӯҳгинем
Ларзиши он замон 6,1 дараҷа арзёбӣ шуда, дар музофотҳои Пактиё ва Хуст, ки бо Покистон ҳаммарз аст, рух дод.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки шумори кушташудагон ба 1,1 ҳазор нафар расидааст ва беш аз 1650 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ларзиши замин ба ҳадде қавӣ буд, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон онро эҳсос кардаанд.