ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Тоҷикистон содироти филизоти қиматбаҳоро коҳиш додааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар кишвар аз аввали соли 2022 фурӯши металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо нисбат ба панҷ моҳи соли 2021 75,3% кам шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 175,1 миллион доллар филизоти қиматбаҳо содир шудааст.
Ин рақам боз коҳиш ёфта, ҳоло 533,8 миллион доллар аст.
Дар ҳамин ҳол, воридоти ҳамон ашёи хом 6,1 баробар афзудааст. Дар соли 2022 ба маблағи беш аз 4,2 миллион доллар сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо ворид карда шуданд, ки нисбат ба соли 2021 6,1 маротиба ё 3,6 миллион доллар зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ фурўши филизоти қиматбаҳо ба хориҷа бахши қобили мулоҳизаи содиротии ҷумҳурӣро ташкил медод.
Дар сохтори содирот фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба 47 фоизи ҳаҷми умумӣ расида буд.
Қаблан Агентии содирот гуфта буд, ки чӣ чиз ба кишвар ба афзоиши фурӯш дар бозорҳои хориҷӣ халал мерасонад.
Баҳодур Раҳимзода, муовини раиси ин ожонс таъкид кард, ки ширкатҳои тоҷикӣ сомонаҳое надоранд, ки харидорон дар бораи коло маълумоти заруриро пайдо кунанд.
Вай муътақид аст, ки имрӯз муаррифии маҳсулот дар интернет як фурсати хубе барои роҳандозии равобити тиҷоратӣ аст.