ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфт, вазъ дар Афғонистон бадтар мешавад, ҳарчанд "ҳама каме фаромӯш кардаанд".
"Ҳама Афғонистонро каме фаромӯш карданд, аммо дар он ҷо ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст. Вазъият хеле муташанниҷ ва ҷиддӣ боқӣ мемонад", - таъкид кард Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои қазоқи худ Руслан Жаксиликов.
Ӯ гуфт, ҳар он чизе, ки ҳамкасбони амрикоии мо дар онҷо гузоштаанд, ба бадшавӣ мебарад. Ҳама хатарҳое, ки мо дар бораи он суҳбат кардем, меафзояд.
"Ин ҳам як зуҳури терроризми байналмилалӣ аст... ин ҳам аслиҳаест, ки аз ҷониби амрикоиҳо бо теъдоди зиёд боқӣ мондааст ва тақсими он ба дасти афроде расидааст, ки хуб нест", - гуфт ӯ.
Қаблан коршиносон низ гуфта буданд, ки бо омадани толибон ба сари қудрат Афғонистон лонаи амри террористон шудааст ва гуруҳҳои мухталиф аз қабили Ал Қоида*, ДОИШ* ва дигарҳо дигарбора сар мебардоранд.
Ахиран Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон низ зимни як мусоҳибааш гуфт, ки вазъият дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар манотиқи шимолии Афғонистон ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ фаъолият мекунанд.
Сухан дар бораи аъзои чунин созмонҳои террористӣ, аз қабили “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, “Давлати исломӣ”* ё "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* меравад. Ҳамаи ин "заминае барои оромиш настанд".
"Хатари калонтарин барои Тоҷикистон аз он гурӯҳҳои террористӣ аст, ки дар сафҳои онҳо аз ҷумла мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Онҳо нақшаи паҳн кардани ақидаҳои радикалиро дар саросари минтақа пинҳон намекунанд", - гуфт дипломат дар мусоҳиба.
Дар авоили моҳи августи соли қаблӣ толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд ва рӯзи 15 август вориди Кобул шуда ҳукумати қаблиро суқут доданд.
Ин гуруҳ ҳамакнун наздик ба як сол аст, ки дар қудрат аст, аммо то кунун машруияти дохилӣ ва хориҷӣ надорад.