"Худиҳоро муттаҳам мекунад": дар Русия аз нақшаҳои Зеленский сахт интиқод карданд

Сафири Ҷумҳурии Халқии Луганск дар Русия мегӯяд, раҳбари Украина Владимир Зеленский ҳамаи одамони худро "муттаҳид мекунад"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сафири ҶМЛ дар Русия Родион Мирошник, нақшаҳои президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи барканории раиси хадамоти амнияти ин кишвар Иван Бакановро шарҳ дод.
"Зеленский ният дорад комилан "худиҳоро" муттаҳид созад. Кишвар наметавонад ба чунин масъулини бадбахт тоб оварад. Барои аблаҳӣ худи ӯ кофист", - навиштааст Мирошкин дар шабакаи Telegramm-и худ.
Дар бораи нақшаҳои раҳбари Украина бораи барканории фармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Украина, Politico бо такя ба манобеъаш хабар дод.
Ба навиштаи нашрия, Зеленский мехост Бакановро ба далели ғайрикасбӣ будан, аз кор барканор кунад.
ВАО: Зеленский мехоҳад амниятии №1-ашро барои ғайрикасбӣ будан барканор кунад
Кишвардор ҳамчунин аз набудани вокуниши кофӣ аз ҷониби Хадамоти амнияти Украина ба амалиёти вижае, ки Русия оғоз кардааст, низ норозӣ аст.
Дар ин замина Politico аз тасмими аҷиби сардори собиқи Хадамоти амният дар вилояти Херсон Сергей Криворучко ёдовар шуд, ки бар хилофи дастури Зеленский ба кормандонаш қабл аз омадани артиши Русия амр додааст, ки минтақаро тарк кунанд.
Ҳоло фаъолияти Хадамоти амният воқеан аз дастгоҳи президент назорат мешавад.
Зеленский ба таври ғайридипломатӣ алайҳи Меркел сухан гуфт
Дар ҳамин ҳол, маъмурияти Зеленский ва худи Баканов то ҳол ба дархости нашрия дар бораи тасдиқ ё радди ин далел посух надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки бархе аз афсарони воломақоми Хадамоти амнияти Украина мақомҳои худро пас аз оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия тарк карданд.