Роҳандозии барномаи рушди ҷудо дар Тоҷикистон

Барои мураббиёни риштаи ҷудо дар саросари Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаю маҳорати мураббиёну доварони ҷудо дар Тоҷикистон ба таври амалӣ сурат мегирад, хабар дод Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин тарҳ бо маблағгузории Ҳамбастагии олимпӣ ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон давоми се моҳ, таҳти унвони "Рушди сохтори миллии варзиши ҷудо" амалӣ мегардад.
Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, татбиқи лоиҳа дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.
"Аз ҷумла дар толори варзишии "Устопириён"-и шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳа барои мураббиён ва доварони ҷудои вилояти Суғд курсҳои омӯзишӣ доир гашт", - омадааст дар иттилоия.
Зӯрозмоии таеквондочиёни тоҷик барои қаҳрамонии Осиё: Моҳрӯ боз медал меорад?
Дар шаҳри Хуҷанд Атоулло Аббоснажод, мураббии байналмилалии дорои дани ҳаштум аз Федератсияи ҷаҳонии ҷудо ва Рамзӣ Шамиров, довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон барои иштирокчиён омӯзишҳои лозимро пешниҳод карданд.
Таъкид шудааст, ки дар пайи гузаштан аз давраҳои омӯзишӣ, мураббиён минбаъд ба шогирдон усулҳои нави ҷудоро меомӯзонанд ва доварон дар мусобиқаҳо таҷрибаи андӯхтаашонро ба кор мебаранд.
Баргузории омӯзишҳо дар толори варзишии "Устопириён" дар ҳолест, ки яке аз тарбиятгирандаҳои ин мактаб Комроншоҳи Устопириён аз ҷудокорони шинохтаи ҷумҳурист, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ ҷоизаю медалҳои зиёдро ба даст овардааст.