Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Низомиёни Украина ба таври оммавӣ аз ҷанг худдорӣ мекунанд

Вазорати дифои Федератсияи Русия мегӯяд, ҳолатҳои фирор ва саркашии нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз вуруд ба ҷанг зиёд мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳодисаҳои фирорӣ дар нерӯҳои Украина, аз ҷумла дар қисми таҳти назорати онҳо КХДР паҳн шуда истодаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа.
"Ҳодисаҳои фирор ва саркашӣ аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар мавқеъи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина густурда мешаванд", - омадааст дар изҳорот.
Раёсати низомии Русия дар посух гуфт, ки фармондеҳии Украина ба хотири ҷуброни талафоти нерӯи корӣ дар самтҳои Донетск ва Луганск маҷбур аст, дар ҳар минтақа аз ҳисоби шаҳрвандони бетаҷрибае, ки ба сафарбарӣ даъват шудаанд, баталйонҳои туфангчавии алоҳида ташкил кунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбози украинӣ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи даҳшатноки террористӣ дар Херсон гуфт
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
ВАО: Зеленский мехоҳад амниятии №1-ашро барои ғайрикасбӣ будан барканор кунад
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.