Капитани тими миллии Аргентина ва "Барселона" машҳуртарин футболбози ҷаҳон шуд.
Лионел Месси 24 июни соли 1987 дар Росариои Аргентина таваллуд шудааст. Падараш дар корхона кор мекард ва модараш гоҳе фаррошӣ мекард.
Ӯ 10 маротиба қаҳрамони Испания шуда, 6 ва 8 маротиба Ҷом ва Суперҷоми кишварро ба даст овардааст ва инчунин 4 маротиба дар мусобиқаи бошгоҳҳои Аврупо - Лигаи Чемпионҳо ширкат кардааст.
Аргентинӣ борҳо беҳтарин бозигари ҷаҳон дониста шуда, 7 бор соҳиби "Тӯби тиллоӣ" шудааст.
Ӯ яке аз маъруфтарин варзишгарони ҷаҳон маҳсуб мешавад, аз соли 2006 яке аз чеҳраҳои асосии таблиғотии Adidas ва аз соли 2008 яке аз футболбозони сердаромад ба шумор меравад.
Месси аз синни 5-солагӣ дар клуби кӯдаконаи "Грандоли", ки бародари калониаш Матиас дар онҷо машқ мекард, ба футболбозӣ шурӯъ кардааст.
Падараш дар як клуб ба ҳайси мураббӣ кор мекард, вале бори аввал Лионелро бибиаш, ягона узви хонаводае, ки ба муваффақияти ӯ дар майдони футбол бовар дошт, ба майдон овард.
Месси бузургтарин футболбоз шуд ва то кунун пас аз ҳар голи задааш дастонашро боло мебардорад - ба эҳтироми бибиаш.
Месси ба ҳайати "Барселона" соли 2003 пайваст. Баъдан нашрияи бонуфузи испании El Mundo дар бораи бозии ӯ чунин шарҳ додааст: "Ин бача пои Марадона, суръати Кройфф ва партоби Роналдиниоро дорад."
Диего Марадона дар синни 18-солагӣ Мессиро беҳтарин бозигари ҷаҳон дар баробари Роналдинио медонист ва изҳор дошт, ки ӯ дар "Барселона" беҳтарин нест ва ин унвонро ба Месси арзанда медонад.
Мессӣ ва ҳамсараш Антонелла Рокутсо бо фарзандонашон Чиро, Матео ва Тиаго дар маросими супоридани "Тӯби тиллоӣ".
Мессӣ бо арӯсаш 30 ноябри соли 2017 дар Аргентине тӯй барпо карданд.
Моҳи ноябри соли 2012, Лионел ва Антонелла писардор шуданд, ки Тиаго номаш карданд. Ба ифтихори ин рӯйдод футболбоз дар пои худ татуировка гузоштааст.
Имрӯзҳо варзишкори аргентинӣ дар клуби фаронсавии "Пари Сен-Жермен" бозӣ мекунад.