Леденева: Шумори муҳоҷирон дар Русия боз ҳам афзоиш меёбад

Коршиноси рус бовар дорад, ки шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия дар қиёс ба солҳои гузашта боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Виктория Леденева, коршиноси рус дар умури муҳоҷират дар конфронси “Маскав: минтақаи ҳуснитафоҳум”, ки дар пойтахти Русия баргузор шуд, мегӯяд, мо ҳар чӣ бигӯём ё на муҳоҷирон ба Русия меоянд, ва ҳоло онҳо ҷои дигаре барои рафтан надоранд.
Вай гуфт тибқи оморҳои расмӣ шумори муҳоҷироне, ки имсол ба Русия барои кор омадаан афзоиш ёфтааст.
Вай дар истинод ба омори ВКД Русия гуфт, дар се моҳи соли 2021 дар қаламрави Русия ҳамагӣ 393 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта буд, аммо имсол дар зарфи се моҳ беш 1 миилион (1 007 548) нафар худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштааст.
Вай гуфт сабти муҳоҷиратии муҳоҷирони Қирғизистону Узбекистон низ афзоиш ёфтааст.
Сучков: Муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Маскав накашед
Дар се моҳи соли равон 253 ҳазор (209 ҳазор дар се моҳи соли 2021) шаҳрванди Қирғизистон ва 1 миллиону 464 ҳазор (638 ҳазор дар се моҳи соли 2021) шаҳрванди Ӯзбекистон худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштааст.
“Ин омори расмист. Бубинед, чӣ қадар шумори муҳоҷирони корӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Дар соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт”, - таъкид кард коршинос.
Вай афзуд муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ айни замон ҷои дигаре барои рафтан надоранд.
“Барои чӣ? Аввал ин забони русӣ аст, ки аксари муҳоҷирон ба он суҳбат мекунанд. Дигар ин ки дар Ӯзбекистон ҳар сол 600 ҳазор ҷавон ба бозори меҳнат меравад ва кор меҷӯяд. Онҳо бояд ҷое кор кунанд ва бештари онҳо ба Русия меояд”, - гуфт хонум Леденева.
Пешниҳоди эълони авфи муҳоҷирони қонуншикан дар Русия
Ҳамзамон коршиноси рус таъкид кард, ки дар солҳои ахир шоҳиди раванди муҳоҷират ба кишварҳои халиҷи форсро ҳастем.
Вай гуфт, дар ин кишварҳо дар қиёс ба Русия муҳоҷирон пули бештар кор мекунанд.
“Барои мисол, моҳона дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар як сол 54 ҳазор доллар, дар Арабистони Саудӣ 51 ҳазор, Русия 9 ҳазор, Қазоқистон 5,8 ҳазор, Қирғизистон 3 ҳазор, Тоҷикистон 1,8 ҳазор ва дар Ӯзбекистон 2,2 ҳазор доллар аст. Ба ҳамин хотир муҳоҷирон кишварҳоеро интихоб мекуннд, ки дар он пули бештар кор мекунанд, то оилаҳои худро хӯронанду пӯшонанд”, - гуфт хонум Виктория Леденева.