Эътимод ба Путин бештар шудааст

Эътимод ба раисҷумҳури Русия тайи ҳафтаҳои охир майли болоравияшро идома дода, мизони бовари сокинони ин кишвар ба кори роҳбари давлаташон низ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин аз эътимоди беш аз 80%-и сокинони кишвари таҳти идорааш бархӯрдор мебошад.
Ин хулосаро бунёди "Афкори омма" дар пайи гузарондани назарпурсӣ баён доштааст.
Бар асоси ин пажуҳиш, 80%-и пурсидашудаҳо аз боварияшон ба президент гуфта, 12% изҳор доштаанд, ки бовар надоранд. Ҳудуди 8%-и дигар дар додани посух ба ин суол дучори мушкил шудаанд.
Дар мавриди баҳои сокинон ба кори Путин, таъкид шудаст, ки 81%-и пурсидашудаҳо изҳор доштаанд, ки ӯ дар мақоми роҳбари давлат хуб кор мекунад. Аз кораш дар ин симмат 8% розӣ нестанд. ҳудуди 11%-и дигар дар баҳогузории кори раисҷумҳури Русия дучори мушкил шудаанд.
Изҳороти Путин дар мулоқот бо нерӯҳои ҷавони низомӣ - видео
Зикр гардидаст, ки хулосаҳои мазкур бар асоси назарпурсии беш аз 1,5 ҳазор нафари аз 18-сола боло дар 104 маҳали аҳолинишин дар 53 минтақаи Русия ҳосил шудааст.
Қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.